Таҷлили ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ХАБАРҲО

Таҷлили ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисиа давлатии маҷмааи “Кохи Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо назардошти сазовор таҷлил гирифтани рӯзи Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24.11.2021сол дар Муассисаи давлатии маҷмааи “Кохи Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳуурии Тоҷикистон маҷлиси кормандони Муассиса баргузор гардид. Роҳбари Муассиса Исмоилзода Ёқуб Борон маҷлисро ифтитоҳ бахшида, ба муносибати ин санаи муборак кормандонро табрик намуданд. Дар суханронии роҳбари корхона қайд гардид, ки рамзи парчами давлатӣ соҳибихтиёрии давлат, дӯстиву бародарии ҳамаи халқу миллатҳои кишварро таҷассум мекунад. Оид ба таърихи парчамдории давлати тоҷикон нозири шуъбаи кадрҳо  Манижаи Бобоҷон ва мутахассиси пешбари шуъбаи истифодабарии техникӣ ва хизматрасонии хоҷагӣ  Рашидов Абдуқаҳҳор бо маърузаҳои худ баромад намуда, вобаста ба сарчашмаҳои таърихии пайдоиши парчамдорӣ, арзиши рамзҳои давлатӣ ва  санаи қабули парчами даврони соҳибистиқлолии кишвар суханронӣ намуданд.

Парчами давлатӣ, дар ҳақиқат, нишонаи бақои миллату давлат, ваҳдати миллӣ ҳувияти миллӣ аст. Он беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқамон маҳсуб мешавад.

Парчами давлатии мамлакат симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Парчам натанҳо рамзи давлатдорию ифтихори ватандорӣ, балки рамзи ватандӯстиву худшиносиву худогоҳӣ, андешаву асолати миллӣ, пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳувияти миллии мардуми тамаддунофарамон маҳсуб мешавад. Парчам ҳамчун ахтари тобон раҳнамо ва ҳидоятгар ба сӯи фардо ва ояндаи дурахшон аст. Бо ҳамин мазмун, ҷаласа дар руҳияи ифтихор аз давлату давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ ва арҷ гузоштан ба рукнҳои давлат ва парчами миллӣ ба анҷом расид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *