Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.07.2021 таҳти рақами 24542, 24558 (22.7). Аз 12 то 14 июли соли 2021 дар Муассисаи давлатии маҷмааи “Кохи Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон форуми байналмиллалии Душанбе-инвест-2021зери унвони “Ҳафтаи технология, меъморӣ ва дизайн “TADWEEK” баргузор мегардад.
Дар форум ширкатҳои ватанию хориҷӣ ширкат карда аз дастовардҳои навинашонро дар соҳаи технология, меъморӣ ва дизайн пешкаши тамошобинон мегардонанд.
Чорабинии мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, мақсад аз ҷалби соҳибкорони ватанию хориҷи кишвар мебошад.
Масъулини асосии ба роҳ мондани чорабинии мазкур Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ш. Душанбе муайян шудаанд.