Таҷлили “рӯзи Президент” дар Муассисаи давлатии маҷмааи “Кохи Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ХАБАРҲО

Таҷлили “Рӯзи Президент” дар Муассисаи давлатии маҷмааиКохи Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 16.11.2021 дар Муассисаи давлатии маҷмааи “Кохи Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи Президент” бо иштироки аҳли кормандони Муассиса ҷаласа доир гардид.  Маҷлисро Роҳбари корхона Исмоилзода Ёқуб Борон ифтитоҳ бахшида аз хизматҳои арзандаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронданд.

Исмоилзода Ёқуб Борон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар, ҳодисаҳои сангину вазнини ҷанги  таҳмилӣ ки ба сари миллати тоҷик бор  шуда буд, ёдовар шуда, чи тавр бо хизматҳои ҷонкоҳонаи Президенти кишвар муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу субот расидани миллати тоҷикро қайд намуданд. Ҳамчунин Роҳбари корхона дар бораи сиёсати бобарору рушди иқтисодӣ, ва дурнамои муносибатҳои байналмиллалӣ, нуфӯзи Тоҷикистон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд. Маҷлис дар доираи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба рукнҳои давлату давлатдорӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбуби кишвар доир гардид.

Дар хотима роҳбари корхона ба шахсони масъул вобаста ба омодагии зимистон, пешгирии хароҷоти барқу гармӣ, дастрасии кормандон ба рӯзномаву маҷаллаҳои обунашуда, супоришҳо доданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *